ИҚДОМИ МАОРИФПАРВАРОНА: “30 рӯзи дастгирии муассисаҳои таълимӣ”
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба пешвози 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли таҳсили нав дар ноҳияи Мастчоҳ иқдоми 30 рӯзи дастгирии муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур бо ҳадафи амалӣ кардани “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, инчунин таҳким ва тавсеаи базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, рушди инфрасохтори технологию иттилоотӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ, рақамикунонии раванди идоракунии соҳаи маориф, таҳияи маводи таълимии рақамӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот роҳандозӣ карда шуд, ки аз ҷониби сокинони ноҳия дастгирӣ ёфт.
Дар доираи ин тадбири ватандӯстонаву маорифпарварона соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси саховатпешаву ватандӯст барои муассисаи таълимие, ки онро хатм кардаанд, ноутбук харидорӣ карда, дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардонанд.
Айни ҳол беш аз 200 нафар соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси хайрхоҳу ватандӯст тасмим гирифтаанд, ки барои мактабҳое, ки онро хатм кардаанд, дар арафи Рӯзи дониш ноутбук тақдим намоянд.
Давоми ду рӯзи охир дар доираи ин иқдом беш аз 50 нафар соҳибкорон ва хизматчиёни давлатӣ ба директорони муассаҳое, ки онро хатм кардаанд, як ва ду ададӣ ноутбук харидорӣ ва тақдим намуданд.
Иқдоми мазкур дар рӯҳияи баланди ватандӯстона идома дорад.
Шахсони зерин айни замон ба муассисаҳои таълимӣ дар арафи Рӯзи дониш ноутбук тақдим намуданд:
1. Бунёд Исмоилов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №13;
2. Шавкат Солеҳиён, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №16;
3. Ҷовид Ҳошимов, сардори нозироти андози ноҳия ба МТМУ №20;
4. Фирӯз Тутиев, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба МТМУ №28;
5. Зиёваддинов Зиёваддин, раиси хоҷагии деҳқонии “Амакҷон” ба МТМУ №8;
6. Тошев Ҷумабой, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзим ва ҷашну маросими ноҳия ба МТМУ №2;
7. Валиев Собирҷон, директори “Шабакаҳои барқ”-и ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №27;
8. Хисравбек Ҷаҳонгиров, директори филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар шаҳри Конибодом ба МТМУ №27;
9. Акмалбек Ҷаҳонгиров, соҳибкор ба МТМУ №3;
10. Муқим Амонов, мудири бахши меъмории ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №1;
11. Фирдавс Зикриёзода, директори КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №6;
12. Миров Даврон, сардори МДНРА ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №25;
13. Ҷамшед Қодирӣ, директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №39;
14. Баҳодуров Наимхон, директори Бозори марказии шаҳраки Бӯстон ба МТМУ №8;
15. Раҳимов Салим, соҳибкор ба МТМУ №20;
16. Ҳомидов Сангин, директори корхонаи пахтатозакунии “Сафедгул” ба МТМУ №12;
17. Почоев Олимҷон, директори корхонаи пахтатозакунии “Ҳамро - 2012” ба МТМУ №31;
18. Ғуфронов Ашраф, директори корхонаи пахтатозакунии “Шариф Асад” ба МТМУ №29;
19. Фахриддин Зокиров, соҳибкор ду адад ба МТМУ №17;
20. Ҳамроев Ҳамрохӯҷа, соҳибкор ду адад, як адад ба МТМУ №17 ва як адад ба МТМУ №31;
21. Одиназода Аҳлиддин, директори корхонаи обу коррезии ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №13;
22. Заҳуров Қутбиддин, соҳибкор ба МТМУ №11;
23. Зокиров Хушбахт, корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №24;
24. Азизов Асрор, корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №24;
25. Фирӯз Ҷумъазода, корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Мастчоҳ ба МТМУ №1;
26. Солеҳов Хурсандмурод, корманди бахши меъмории ноҳия ба МТМУ №23;
27. Сомон Султонзода, соҳибкор ба МТМУ №35;
28. Шукрулло Мирзозода, соҳибкор, ду адад ба МТМУ №28;
29. Сафаров Раҳмонбердӣ, директор корхонаи пахтатозакунии “Зарнишон” ба МТМУ №25;
30. Назиров Туробхон, дирктори корхонаи пахтатозакунии “Гулшани Худойдод” ба МТМУ №20;
31. Тошов Урмон, соҳибкор, ба МТМУ №25;
32. Ҳамза Олимов, соҳибкор, ба МТМУ №25;
33. Мирзоев Мирзошариф, сардори хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” ба МТМА №24;
34. Саъдӣ Ниёззода, соҳибкор, ба МТМУ №28;
35. Ҳабибулло Ҳоҷибоев, соҳибкор, ба МТМУ №16;
36. Хайрулло Ботуров, соҳибкор, ба МТМУ №13;
37. Мирзошариф Ҷумаев, соҳибкор, ба МТМУ №8;
38. Шодмонов Арбоб, соҳибкор, ба МТМУ №29;
39. Шермаҳмад Шехов, соҳибкор ба МТМА №24;
40. Маликзода Абдумаҷид, корманди Идораи замини ноҳияи Мастчоҳ, ба МТМУ №11
(Рӯйхат такмил меёбад)