РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ Аъзам Ализода хонандагони МТМУ №11 ба номи Шодӣ Асроровро ба Рӯзи дониш табрик гуфт

01.09.2024 10:40

 

        1 сентябри соли 2024 раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ҳамроҳии сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба номи Шодӣ Асророви деҳоти Оббурдон дидан намуда, хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаро ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрик гуфтанд.

      Шермуҳаммад Нодирӣ зимни қироати паёми шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати оғози соли нави таҳсил таъкид намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад ва ҳамчунин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти кишвари азизамонро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад. 

        Гуфта шуд, ки дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд: "Дарси сулҳ ба маънои дигар, дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад"..

         Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни суханронӣ иброз дошт, ки  бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои таъмини ҳамаҷонибаи пешрафти таълиму тарбия ба сифати самти муҳиму афзалиятнок шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам гардид.

        Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон дар радифи рушди соҳаи маориф ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини шароити арзандаи рӯзгори кормандони соҳа мунтазам тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Бо Фармони дахлдори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли ҷорӣ музди маоши аҳли илму маорифи мамлакат 40 фоиз зиёд гардид, ки ки ғамхорию меҳрубониҳои бузурги навбатии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат  ба кормандони соҳа маҳсуб меёбад. 

       -    Албатта ҳамаи ин ғамхориҳо пеш аз ҳама барои таълиму тарбияи солиму созанда ва камолоти шоистаи наврасону ҷавонон равона карда шудааст. Дар ин самт, дар ноҳияи Мастчоҳ низ барои фароҳам овардани шароити таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  зиёда аз 21 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 13 адад муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 2 коллеҷ, бинои нави шуъбаи маориф бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар дурдасттарин минтақаҳо мактабҳои замонавӣ бунёд карда шуданд. Таъсис ва ба фаъолият шуруъ кардани Коллеҷи омӯзгории ноҳия низ дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хосса Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон оғоз ёфта, дар маҳаллаи навбунёди Ганҷободи шаҳраки Суғдиёни ноҳия кӯдакистони наву замонавӣ бунёд ва то рӯзҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тайи солҳои охир, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатпеша ва падару модарон ҷиҳати ҳалли оқилонаи мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта, аз ҷумла  таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои зарурӣ, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз тамоми имкониятҳоро равона карда истодааст,- иброз дошт дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода.

          Раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки дар соли нави таҳсил аҳли маорифи ноҳия кори пурсамару файзбахши таълиму тарбияро вусъат бахшида, бо таъмини камолоти шоистаи шогирдони сазовори худ ному шуҳрати диёри файзбори Мастчоҳро боз ҳам баланд мебардоранд.

         Пас аз анҷоми суханрониҳо раиси ноҳия ба як гуруҳ шахсони саховатпеша, ки дар таъмиру ободонии МТМУ №11 саҳм гузоштаанд, бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ намуд. 

         Дар фарҷом раиси ноҳия бо намояндаи ҳукумати вилоят аз синфхонаҳои муассисаи таълимӣ дидан намуда, дар Дарси сулҳ иштирок карданд.

         Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба номи Шодӣ Асроров яке аз калонтарин мауссисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ буда, дар беш аз 1900 хонанда таҳсил менамояд. Дар соли таҳсили нав ба ин муассиса 230 нафар ба синфи 1 қабул шудаанд.

        Соли равон беш аз 54 нафар хатмкунандагони муассиса ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо дохил гардидаанд. Дар ин муассиса айни замон 86 нафар омӯзгор кору фаъолият доранд.

         Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ дар умум дар соли нави таҳсил 3670 нафар ба синфи 1 қабул шудаанд, ки 1728 нафари он духтар мебошанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter