ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ КОРГОҲИ ЗАБҲИ ПАРАНДА ВА ФЕРМАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ

07.09.2024 09:35

 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ ба рафти корҳои сохтмони иншооти ҷашнӣ аз коргоҳи забҳи паранда ва фермаи парандапарварӣ дидан кард.

       Иншооти мазкур дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ  ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин ва таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шукрулло Мирзозода сохта мешавад.

      Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 2 гектар буда, соҳибкор дар он сохтмони 5 адад сардхона, ду фермаи парандапарварӣ ва коргоҳи истеҳсоли ҳасиб аз гӯшти мурғ ва бунёди як корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро низ ба нақша гирифтааст.

     Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоти забҳкунанда аз хориҷи кишвар харидорӣ гардида,  дар як рӯз то 15000 сар мурғи гуштӣ забҳ карда мешаванд. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар коргоҳ то 80 нафар занону мардон ба кори доимӣ таъмин мегарданд.

      Бинои асосии коргоҳ аз ҷойи қабули паранда, забҳхона ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 20 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

      Раиси ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмонии забҳхона шинос шуда, ба соҳибкор барои бо сифати баланд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ сохтани иншоот бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ дастуру маслиҳатҳо дод.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter