Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ биноҳои истиқоматии бисёрошёна бунёд мешаванд
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Дашти Дилварзин дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ҷараёни сохтмони яке аз биноҳои истиқоматӣ шинос гардид.
Бинои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, он аз 9 ошёна ва 108 манзил, аз ҷумла 36 манзили якҳуҷрагӣ, 54 манзили дуҳуҷрагӣ ва 18 манзили сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Хонаҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз бунёд шуда, дар бинои баландошёна насби лифт низ ба нақша гирифта шудааст. Дар саҳни бинои истиқоматӣ майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, таваққуфгоҳ барои нақлиёт низ сохта хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Мастчоҳ бинои истиқоматии бисёрошёна бунёд мегардад. Тибқи нақша дар маркази ноҳия дар оғози соли 2025 боз сохтмони 4 бинои истиқоматии баландошёна ба роҳ монда мешавад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода бо рафти корҳои сохтмонии бино шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.