БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МАРКАЗИ МУОСИРИ ТИҶОРАТӢ ДАР ШАҲРАКИ БӮСТОН

07.09.2024 09:42

 

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Дашти Дилварзин бунёди як қатор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла дар маркази ноҳия сохтмони бузургтарин маркази муосири тиҷоратӣ, ки асосан барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст, бо маром ҷараён дорад. 

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Ҳоҷибоев сохта шуда истодааст, ки дар он айни замон 15 нафар сокинони ноҳия ба кор ҷалб шудаанд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои марказ бо усули замонавӣ бунёд гардида, даромадгоҳи он асфалт ва гулкорӣ карда мешавад. Соҳибкор масолеҳи сохтмониро аз кишварҳои хориҷа ворид намуда, бо нархи арзон ва дастрас ба шаҳрвандон ба фурӯш мегузорад. 

Раиси ноҳия Аъзам Ализода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот дидан карда, иқдоми соҳибкорро дастгирӣ намуд.

 Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон Аъзам Ализода ба соҳибкор ҷиҳати дастрас намудани масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter