ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

07.09.2024 09:58

 

6-уми сентябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бошукуҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Холзода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, меҳмонон аз Ҷумҳурии ҳамсояи дӯсту бародар Ӯзбекистон - муовини ҳокими шаҳри Бекобод Улуғбек Абдуназаров ва мушовири  ҳокими ноҳияи Бӯкаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалов Абдурасул иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Нахуст муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Холзода сокинони ноҳияи Мастчоҳро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди босуръати саноатикунонии кишвар, инчунин татбиқи даҳҳо барномаҳои соҳавиро амалӣ гардонид. 

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия садҳо иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки барои шаҳрвандон шароити беҳбуди зиндагӣ фароҳам гардид.

Сипас намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ  паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатӣ қироат намуда.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистони маҳбубамон ба шарофати сиёсати дурандешонаву ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои манфиатбахшро бо кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда, бо ташаббусу иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир нақши арзанда мегузорад.

Мо бояд ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибор дода, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа ва ватандӯсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавон таваҷҷуҳ намуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар  якҷоягӣ ва иттиҳод сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ  баланд бардорем.

Баъдан меҳмонон аз Ҷумҳурии ҳамсокишвари Ӯзбекистон Улуғбек Абдуназаров ва Акмалов Абдурасул сокинони ноҳияро ба солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид доштанд, ки истиқлолу озодӣ ва муттаҳидӣ ҳар халқу давлатро ба пешрафту шукофоӣ мерасонад ва мо ҳамарӯза мушоҳида карда истодаем, ки кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо рушд карда истодааст.

“Робитаҳои дустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо бо натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки ин аз самари сиёсати одилонаву оқилонаи роҳбарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад.”,- иброз доштанд меҳмонон зимни суханронӣ.

Сипас, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода меҳмонони олиқадро барои ташрифашон ба ноҳия хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки бо шарофати истиқлолият имрӯз ду халқи дӯсту бародар – тоҷикону ӯзбекон дар фазои сулҳу оромӣ ва дустиву ҳамдилӣ зиндагонӣ доранд.

Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба пешвози 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъкид намуд, ки бо мусоидату раҳнамоӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон гардида истодааст.

Зикр карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зимни сафарҳои пурфайзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ дар ноҳия даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба истифода дода шуд.  

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби меҳмонон ба як гурҳ хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва соҳибкорон барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ бо Итихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter