ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК

08.09.2024 09:09

 

 Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Ҳамдиёрони арҷманд!

  Ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони сарфарозу саодатманди ноҳияро ба шарафи ҷашни муқаддасу мубораки 33-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию саодати рӯзгор,  зиндагонии пурфайзу бобаракат, осоишу хушбахтии хонадон, ифтихору ҳувияти баланди миллию ватандорӣ ва тамоми шодию нишоти рӯзгорро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, бунёдгузори Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва демократию дунявӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба моҳияти Истиқлоли давлатӣ ва нақши он дар сарнавишти миллату давлат чунин таъкид намудаанд: «Истиқлоли давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

   Истиқлолу озодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нангу номуси халқи мост, ки ба шарофати он беш аз се даҳсола инҷониб мо барои ободии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзем».

Таъмини сулҳу амнияти комил, вусъати азими раванди созандагию бунёдкорӣ, татбиқи музаффаронаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистони азизамон дар мисоли ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат самараи файзовари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дастовардҳои дурахшони даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд. 

 Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, фарҳанг,  фарҳанг, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила, эҳё ва равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, дар партави дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари маҳбубамон ҳазорҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаву варзишгоҳ, манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳазорҳо километр роҳҳо азнавсозӣ  ва даҳҳо нақбу пул бунёд гардиданд. Сохтмонҳои азими аср, ба мисли Неругоҳҳои азими “Сантуда 1” ва “Сантуда 2” сохта шуда, бунёди кохи азими нур, дар мисоли Неругоҳи барқию обии “Роғун” бо маром идома дорад.

Маҳз, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ тақвияти эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун рукни ҳастии миллату давлат ривоҷу равнақи азим пайдо кард. Ҷашнҳои миллию аҷдодӣ, ба монанди Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон аз нав эҳё шуда, дар ин миён Наврӯзи ҷаҳонафрӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. 

Аз лутфу меҳрубониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ марҳилаи нави рушду пешрафт фаро расида, раванди созандагию ободкорӣ дар ноҳия авҷи азим пайдо кард. Дар ин замина, дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия садҳо иншооти наву замонавӣ, даҳҳо муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва маҳаллаҳои нав бунёд карда шудаанд, ки шукуҳи бунёдкорию навсозӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.  

Дар ноҳия ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, таъмиру таҷдид, бунёд ва азнавсозии 735 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора давоми солҳои 2022, 2023 ва ҳашт моҳи соли 2024 347 иншоот ба маблағи 124 млн. сомонӣ бунёд карда шуд. Чанде пеш, дар ноҳия бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва иқдоми соҳибкорон дар маркази ноҳия ҷиҳати бунёди биноҳои баландошёнаи истқоматӣ санги асос гузошта шуд, ки ин ҳам яке аз самараҳои пурфайзи даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аст. 

Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Мастчоҳ бо илҳом аз дастоварду комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша баҳри татбиқи сиёсати хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша саъю талош менамоянд ва доимо баҳри тақвияту иқтидори суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

             Ҷашни фархундаву муқаддаси 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ба ҳамаи сокинони ноҳия ва тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон бори дигар табрику таҳният гуфта, барояшон тану ҷони қавӣ, иродаи матин, иқболу саодати баланд, рӯзгори хушу хуррам ва ифтихори волои ватандориро таманно дорам.

            Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ  муборак, ҳамватанони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter