АЪЗАМ АЛИЗОДА АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ НИЗОМИРО БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАБРИК ГУФТ

08.09.2024 10:02

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ  Аъзам Ализода ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Холзода ба қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо ҷашни фархундаи миллӣ табрик намуданд.

Дар табрики афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ прокурори ноҳия, муовини раиси ноҳия, комиссари ҳарбӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин соҳибкорони ватандӯст иштирок доштанд. 

    Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, он ҳимоятгари қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар мебошад.

Таъкид карда шуд, ки таъмини сулҳу амнияти комил, вусъати азими раванди созандагию бунёдкорӣ, татбиқи музаффаронаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистони азизамон дар мисоли ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат самараи файзовари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дастовардҳои дурахшони даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд. 

Ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ афсарону сарбозони қисми низомӣ бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ сарфароз карда шуданд. 


Дафтари матбуотии 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ






Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter