Маҷлиси машваратии назди раиси ноҳия
17.09.2024 16:41
16 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия иштирок намуданд.
Дар маҷлиси машваратӣ пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин татбиқи амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят, омодагӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, рафти ҷамъоварии андозҳо, ҳосили пахта, ва иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар оғоз ҳуқуқшиноси ноҳия Мирзобеков Мирзораҳим пешниҳоди Прокуратураи генералӣ доир ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шоироитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар самти амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро ба самъи ҳозирин расонид.
Зимни баромад таъкид шуд, ки дар амалисозии Стратегия аз ҷониби масъулини дахлдор ба хунукназарӣ роҳ дода шудааст.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни баҳогузорӣ ба рафти иҷрои бандҳои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дастур дод, ки дар кутоҳтарин муҳлат камбудиҳои ҷойдошта ба пуррагӣ бартараф карда шуда, барои ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳот тадбирҳои муассир андешида шавад.
Вобаста ба татбиқи амалии Стратегияи мазкур сардори ШВКД дар ноҳия, полковники милитсия Муҳаммадӣ Қосимзода ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки муқовимат бо экстремизму терроризм кори дастаҷамъиро мехоҳад ва зарур аст, ки дар ин самт тамоми қишри ҷомеа баҳри пешгирии ифротишавии ҷавонон бо мақомоти марбута ҳамоҳангӣ зоҳир намоянд.
Дар идомаи кори ҷаласа ҳамчунин раиси ноҳия зимни таҳлили ҳамаҷонибаи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва маориф масъалаи рафти ҷамъоварии андозҳо, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, инчунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар назди масъулин вазифа гузошт, ки нуҳмоҳаи соли равонро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Аъзам Ализода дар ҷаласа инчунин, вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, риояи интизоми меҳнат дар ҷойи кор, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ аз фаъолон пурсон шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ