Вохӯрӣ бо кумитаи падару модарон

17.09.2024 16:43

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба номи Малик Қурбонови шаҳраки Бӯстон вохӯрии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо падару модарони хонандагон доир гардид, ки дар он масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати дониш, назорати фарзандон аз ҷониби падару модар, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, риояи талабони қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин дастгирии кумитаи падару модарони хонандагон ҷиҳати бо мизу курсӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.

Дар оғози соли таҳсили нав дар МТМУ №9 бо дастгирии ашхоси ватандӯсту саховатпеша 6 дари синфхонаи мактаб нав шуда, мизу курсиҳои синфхонаҳо низ ба пуррагӣ таъмиру навсозӣ гардида истодаанд. 

“Мо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронияшон ба муносибати Рӯзи дониш иброз доштанд, талош намуда истодааем, ки шароити арзанда барои таҳсил бадар муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии ҷои нишаст танқисӣ мекашаннд, фароҳам орем. Дар доираи иқдомҳои дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳо аз ҷониби соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси хайрхоҳ ба мактабҳо тахтаҳои синфӣ, ноутбук ва мизу курсӣ дастрас гардида истодааст. Мо аз ин хеле шод ҳастем ва барои онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм гирифтаанд, сипосу миннатдорӣ менамоем. Падару модаронро низ зарур аст, ки фарзандони худро назорат намуда, ҳамоҳангии мактабу оиларо барқарор созанд ва донишомӯзии фарзандони худро таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.”,- таъкид дошт зимни вохӯрӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Ҳамзамон раиси ноҳия аз кумитаи падару модарон даъват намуд, ки ҳафтае як ё ду маротиба дар дарси фарзандони худ иштирок намуда, уҳдадории худро дар назди қонун ба таври назаррас иҷро намоянд ва баҳри ояндаи неки фарзандон беаҳамият набошанд.

Аз ҷониби кумитаи падару модарон низ иброз гардид, ки баҳри фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, дастгирӣ ҷиҳати бо мизу курсӣ таъмин намудани синфхонаҳои мактаб омодаанд саҳми худро гузоранд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter