Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати шашум баргузор гардид

18.09.2024 17:45

 

Имрӯз, 18.09.2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Иҷлосия таҳти раёсати раиси ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аъзам Ализода доир гардида, дар он ҳамчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва тасдиқи ҳайати котибот иҷлосия аз рӯи 4 масъала: Рафти амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №568 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳия”; Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф, сиҳатии омма, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, оила ва занон; Ҳисоботи вакил Ёдгоров Маҳмадёқуб аз ҳавзаи интихоботии “Дилварзин” №21 оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ба кори худ оғоз кард.

Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода баромад намуда, оид ба рафти амалисозии  Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳия гузориш дод.

Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур дар ноҳия нақшачорабиниҳои махсус ба тасвиб расида, як қатор корҳо дар ин замина иҷро гардидаанд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар доираи нақшачорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкур дар ноҳия дар давоми солҳои 2022-2024 беш аз 6 адад иншооти варзиш, аз ин ду адад т олор, 3 адад майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки айни замон дар ҳудуди ноҳия 8 адад варзишгоҳ, 28 майдончаи варзишӣ, 40 адад толори варзишӣ ва 2 адад ҳавзи шиноварӣ  фаъолият менамоянд. 

Ҳамчунин дар ноҳия Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”, Қасри Паҳлавонони Суғдӣ, фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 30 нафар мураббиён аз рӯи 11 намуди варзиш ба 688 нафар варзишгарон аз он ҷумла, 125 нафар бонувон ҳамарӯза машғулиятҳои варзишӣ меомӯзонанд. Дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар ҳашт моҳи соли равон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, 849 медал, аз ҷумла 268 нишони тилло, 245 медали нуқра ва 336 медали биринҷӣ ба даст овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230 медал зиёд мебошад.

     Доир ба масъалаи мазкур аз ҷониби Муродулло Почозода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Саъдӣ Азиззода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба музокира баромада, таъкид доштанд, ки ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда мешавад. 

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф, сиҳатии омма, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, оила ва занон шунида шуд.

Аз рӯи ин масъала муовини раиси Комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сино” №12 Сафаров Бурҳон Охунович баромад намуда, иброз дошт, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҷиҳати татбиқи Барномаву Стратегияҳо пайваста ҷаласаҳо доир намуда, амалишавии онҳоро таҳлилу баррасӣ менамояд..

       Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Комиссия дар давоми фаъолияти худ беш аз 20 маротиба ҷаласаҳои худро доир намуда, зимни баргузории онҳо раванди иҷрои як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф, сиҳатии омма, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, оила ва занон мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор додааст.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва дар шаҳраки навбунёди Ганҷобод кӯдакистони наву замонавӣ оғоз ёфтааст. Ҳамчунин бо ҷалби маблағи ташкилотҳои хайриявию ҷамъиятӣ, ашхоси саховатпеша чор бинои иловагии таълимӣ барои 500 ҷои нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин замина давоми соли равон ба муассисаҳои таълимӣ 181 адад тахтаи электронӣ, 131 адад ноутбуку компютер ва 370 адад мизу курсӣ дастрас карда шудааст.

Дар соҳаи тандурустӣ бошад, ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ иборат аз 4 ошёна, таъмир ва навсозии қабулгоҳи беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Бӯстон, беморхонаҳои ҷамоатҳои деҳот ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт корҳо бо маром идома доранд.

  Аз рӯи масъалаи сеюми иҷлосия вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дилварзин” №21 - Ёдгоров Маҳмадёқуб оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ ҳисобот дод. Вакил зимни маърӯза доир ба иҷрои босифати нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии худ, суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарпарастӣ, тадбирҷӯӣ ҷиҳати кумак ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба таври муфассал ҳисобот манзур намуд.

 Бо тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия иҷлосия кори худро ба анҷом расонид.

        Пас аз анҷоми кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта, тадбирҷуӣ ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани нақшаҳои пешбинигардида дар самти даъвати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, ҳавасманд гардонидани варзишгарон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва иҷрои  босифати Барномаҳои давлатӣ таклифу пешниҳодҳо намуд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар фарҷоми кори иҷлосия вобаста ба ба масъалаи даъват ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, пешгирии ҷинояткориҳо ва вусъати корҳои ободиву созандагӣ дар ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter