МАСТЧОҲ: Дар деҳоти Оббурдон барои беш аз 500 нафар хонанда тариқи ҳашар бинои иловагии таълимӣ сохта мешавад

21.09.2024 13:56

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин бунёди як қатор иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони онҳо бо маром идома доранд.

Дар доираи ин тадбирҳои созандагӣ сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ №27-и деҳоти Оббурдон ба тариқи ҳашар ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳу саховатпеша ва кумитаи падару модарон ба нақша гирифта шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 21 сентябр вохӯрии раиси ноҳия Аъзам Ализода дар МТМУ №27 бо аҳолии маҳаллаи Навободи АХД Юсуф Вафо баргузор гардид.

Зимни суҳбат раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур таъкид намуд, ки зарурияти сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассиса пеш омадааст, ки барои сохтмони он мо ба қувваю неруи падару модарон, соҳибкорони маҳал ва саховатмандоне, ки муассисаи мазкурро хатм намудаанд, такя мекунем.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба номи Мирзо Азизови деҳоти Оббурдон аз ҷумлаи мактабҳоест, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар он боиси нигаронӣ гаштааст. Муассисаи мазкур соли 1992 барои 624 хонанда дар як баст бунёд гардида аст. Айни замон бошад, бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ дар он 1761 хонанда таҳсил менамоянд, ки шумораи хонандагон он қариб се баробар афзудаанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода аз падару модарон, соҳибкорон ва фаъолон маҳал даъват намуд, ки дар бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта саҳм гузоранд. 

Иқдоми мазкур аз аҳолӣ дастгирӣ ёфта, соҳибкорон ва хизматчиёни давлатие, ки ҳамин муассисаи таълимиро хатм карда, имрӯз дар соҳаҳаои гуногун фаъолият карда истодаанд, изҳори омодагӣ гирифтанд, ки бар бунёди бинои иловагии таълимии мактаб саҳм мегузоранд.

Лоиҳаи сохтмони бинои иловагии таълимӣ аз 7 синфхона бо фарогии беш аз 500 хонанда иборат буда, маблағи хароҷот зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки давоми ду соли охир бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва ашхоси саховатманд вобаста ба таъмиру таҷдид ва навсозии муассисаҳои таълимӣ беш аз 12 ҳазор дона шифер ва миқдори зарурии тахтаи синф, компютер, ноутбук дастрас карда шуд. 

Ҳоло дар доираи иқдоми “30 рӯзи дастгирии муассисаҳои таълимӣ” аз аввали моҳи сентябр то имрӯз ҳар як хатмкардаи муассисаи таълимӣ, ки ҳамчун соҳибкори муваффақ ва ё ҳамчун роҳбар дар хизмати давлатӣ кору фаъолият мекунад, барои муассисаи таълимии хатмкардаи худ як адад ноутбук, ё компютер, инчунин тахтаи синф ҳадя менамояд.

Соли равон бо ҷалби шарикони рушд, аз ҷумла ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Бунён” барои зиёда аз 400 хонанда дар назди муассисаҳои таълимии дахлдор ба тариқи ҳашар синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ 





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter