Конференсияи 28-уми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид

25.09.2024 15:52

 
Санаи 24 сентябр соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода баргузор гардид.
Дар кори Конференсия ҳамчунин вакилон, собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Коференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ифтитоҳ намуд ва ҳайати раёсати кории Конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи августи  соли 2022   то моҳи  сентябри соли 2024  ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ аз моҳи августи  соли 2022  то моҳи  сентябри соли 2024 шунида шуда, масъалаи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳия, интихоби сармуҳарири рӯзномаи «Нигоҳи халқ» - нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз моҳи августи  соли 2022  то моҳи  сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба сафи ҳизб дар маҷмӯъ, 1487 нафар қабул гардид. Айни ҳол сафи ҳизбиёни ноҳия 7652  нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он ҷавонон  3450 нафар ва занону духтарон 3943 нафарро дар бар мегиранд. Ҳамзамон, баҳри сифатнок ва тоза намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони фавтида, бе ному нишонгашта, тасодуфӣ ва муддатҳои дароз дар муҳоҷират қарор гирифта 34 нафар аз аъзогии ҳизб хориҷ карда шудаанд. 
Гуфта шуд, ки тавассути гузаронидани аксияи умуминоҳиявии “Кишоварзон – ҷонибдори амнияту субот ва пешрафту ободии Ватан” аз оғози соли равон то имрӯз 247 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ ба сафҳои ҳизб ҷалб карда шуданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ ба қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ зиёда аз 104 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки 66 масъалаи онҳо аз ҷониби  кумитаи иҷроия ва масъулини он дар муддати муайяншуда ҳалли худро ёфта, 38 муроҷиат барои ҳаллу фасл ба масъулини сохторҳои марбута пешниҳод карда шуданд. 
Дар қисмати музокира Абдуфаттоҳ Қурбонов, собиқадори ҳизб, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ”, Мунира Ашӯрова – вакил аз ташкилоти ибтидоии “Палдорак”, Шарифзода Анӯшервон, аъзои фаъоли ҳизб, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз”, Муртазо Мухторов, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Бӯстон” ва Олимхон Исматӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Пешсаф” фаъолияти дуюнимсолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро қатоатбахш арзёбӣ карданд.
Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи ноҳиявӣ Искандархоҷа Қобилов шунида шуд.
Зикр гардид, ки ҳизбиёни ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи оинномавии ҲХДТ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва маъракаҳои тарғиботӣ тадбирҳои муҳим андешида, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳар як аъзои фаъоли ҳизб масъулияти бештар зоҳир карда, барои пешрафти кори ҳизб саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Дар идомаи кори Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ вакилон ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 5 нафар, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро дар ҳайати 49 нафар ва вакилон ба конференсияи 15-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд дар ҳайати 23 нафар интихоб намуданд.
Дар масъалаи навбатӣ раиси кумиҷроияи ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ гардид.
Ҳамин тавр, бо розигии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бори дигар номзадии Муродулло Почозода Ҳиҷратулло пешниҳод ва аз ҷониби вакилони Конференсияи XXVIII интихоб ва тасдиқ гардид.
Ҳамчунин дар идомаи Конференсия номзадии сармуҳаррири рӯзномаи “Нигоҳи халқ” – нашрияи кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Шокирзода Муллошукури Ҷаббор пешниҳод гардида, аз ҷониби ваклони Конференсия дастгирӣ ёфт.  
Намояндаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Ғайрат Азиззода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҲХДТ суботи сиёсии кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озодии мардум ҳисобида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти давлат, пешрафту тараққиёт ва тарбияи қадрҳои ҷавон дар давлатдории миллӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамеша талош дорад.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таърихи сӣ соли фаъолияти ҲХДТ саҳифаҳои дурахшону заррини Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, солномаи мукаммали созандагиву бунёдкориҳои бемисл ва ватандорию ватансозӣ маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки Кумитаи ноҳиявии ҳизб дар ҳамкории пайваста бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти пурсамар намуда, ба натиҷаҳои баланд дар татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки сокинони кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар намуда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ якдилонаву садоқатмандона меҳнат менамоянд.
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар Конфронс баромад намуда, иброз дошт, ки мо аз иқдомҳои кумиҷроияи ноҳиявӣ дар баргузории чорабиниву ҳамоишҳо ва вохӯриҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими худшиносиву ватандӯстии ҷавонон дастгирӣ менамоем. 
Ҳамзамон раиси ноҳия таъкид намуд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Дар фарҷоми кори Конференсия дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 10 нафар аъзои навинтихобгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter