Дар АХД ба номи Фирдавсӣ ба тариқи ҳашар кӯдакистони наву замонавӣ бунёд мешавад

25.09.2024 15:55

 

Дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдон бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал барои беш аз 120 нафар кӯдак ба тариқи ҳашар кӯдакистони наву замонавӣ сохта мешавад.

Иқдоми нек дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудааст.

Бо ин ҳадаф имрӯз, 25 сентябр раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо фаъолон, соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии АХД Фирдавсӣ суҳбату вохӯрӣ доир намуд.

Зимни мулоқот раиси ноҳия Аъзам Ализода бо таваҷҷуҳ муроҷиатҳои пайдарпайи падару модарон ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон, инчунин ба таъмири куллӣ ниёз доштани кӯдакистони №5-и деҳоти Оббурдон таъкид дошт, ки зарурати бунёди бинои иловаги замонавии дуошёна дар ҳудуди кӯдакистони мазкур ба миён омадааст. 

Тибқи лоиҳа бинои иловагии кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, он барои 120 нафар тарбиягиранда ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар мулоқот иттилоъ дода шуд, беш аз 50 нафар падуру модарон ба роҳбарияти муассиса барои ҷойгир ва ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон муроҷиат намудаанд. Аммо бо сабаби танг ва таъмирталаб будани синфхонаҳо муассиса имкони ғунҷоиши кӯдакони дар навбат истодаро надорад. Кӯдакистони №5 соли 1980 сохта шуда, ҳоло дар он 120 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки фарогири кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 10,4 фоизро дарбар мегирад. Аз 13 ҳазор нафар навраси синни томактабӣ, танҳо 1358 нафарашон дар 12 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла як адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, дар марказҳои инкишофи кӯдакон, ки дар назди 22 муассиса ташкил шудаанд, 607 нафар кӯдак таҳсил мекунанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода аз соҳибкорон, ашхоси ватандӯсту саховатпеша ва падару модарон даъват намуд, ки дар бунёди бинои иловагии кӯдакистон саҳм гузоранд, зеро сохтмони он аз буҷети ноҳия имконнопазир мебошад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби аҳолии АХД Фирдавсӣ якдилона  дастгирӣ ёфта, соҳибкорон ва раисони маҳаллаҳо иброз доштанд, ки омодаанд барои сохтмони он сармоягузорӣ кунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter