МАСТЧОҲ: Мулоқоти раиси ноҳия бо фаъолон, соҳибкорон ва аҳолии хоҷагии ба номи Хоҷӣ Амиров

26.09.2024 17:28

 

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёду навсозии боғчаву кӯдакистонҳо дар деҳот, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба тарбияи томактабӣ, инчунин вусъат бахшидан ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ  ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Дашти Дилварзин мулоқоти раиси ноҳия бо фаъолон, соҳибкорон ва аҳолии хоҷагии ба номи Ҳоҷӣ Амирови дар деҳоти Мастчоҳ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои кӯдакону наврасони синни томактабӣ ва бунёди бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии №4 дар деҳоти Мастчоҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки муассисаи таҳсилоти томактабии №4 яке аз куҳнатарин кӯдакистонҳо дар ноҳия маҳсуб ёфта, фаъолияти он соли 1955 ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар кӯдакистони мазкур 102 нафар тарбиягиранда дар 5 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Як қисми бинои кӯдакистон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, қисмати дигари бинои ин муассиса ба таъмиру навсозии куллӣ ниёз дорад. Ҳамзамон дар кӯдакистон миқдори зарурии кати хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ намерасад. 

Раиси ноҳия аз фаъолони маҳал, соҳибкорон ва ашхоси хайрхоҳу саховатпеша даъват намуд, ки дар бунёди кӯдакистони наву замонавӣ саҳм гузоранд. Ҳамчунин аз нафароне, ки азми сафари ҳаҷи умра доранд тақозо шуд, ки аз аввалинҳо шуда дар ин кори хайр ҳиммати худро дареғ надоранд.

“Мо ба кӯмаку дастгирӣ, пеш аз ҳама шумо, падару модарон, ҳиммату ҷавонмардии ашхоси саховатманд ва соҳибкорони созандаи хоҷагии ба номи Ҳоҷӣ Амиров такя мекунем. Барои ҳалли мушкилоти зинаи  томактабии соҳаи маориф бояд ҳамаи мо саҳмгузор бошем. Ин масъулият ва вазифаи инсонию имонӣ ва қарзи фарзандии ҳамаи мо дар назди Ватан аст.”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Аҳолии хоҷагии ба номи Ҳоҷӣ Амиров иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар бунёди кӯдакистони наву замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасони хоҷагӣ ва фарзандону наберагони худ саҳм гузоранд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter