Вохӯрӣ бо аҳолии маҳаллаи Боғи деҳоти Палдорак
Имрӯз, 27 сентябр раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби наву замонавӣ дар маҳаллаи Боғи деҳоти Палдорак бо фаъолону соҳибкорон ва сокинони маҳал суҳбату вохӯрӣ доир намуд.
Бунёди мактаб дар маҳаллаи Боғ дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии Дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудааст.
Таҳкурсии бино ҳанӯз соли 2020 гирифта шуда, тибқи лоиҳа мактаби нав аз ду ошёна ва 8 синфхона бо назардошти утоқи корӣ барои омӯзгорон бо фарогири 384 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Раиси ноҳия зимни мулоқот таъкид дошт, ки барои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди бинои иловагии таълимӣ бояд ҳамаи аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону саховатмандони диёр ва падару модарон ҳиссагузор бошанд.
Маҳаллаи Боғ маҳаллаи навбунёд буда, дар он наздик ба 2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Хонандагони ин маҳалла айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и маҳалли “40-солагии Дилварзин” таҳсил менамоянд. Аммо бо сабаби норасоии ҷойи нишаст дар ин муассиса зарурати бунёди мактаби нав дар маҳаллаи Боғ пеш омадааст.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 соли 2003 ҳамчун муассисаи таҳсилоти умумии асосии №9 бо 8 синфхона ба истифода дода шуда буд. Баъдтар бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва ҷалби ашхоси саховатманду хайрхоҳ ва падару модарон дар дохили бино боз 8 синфхонаи дигар бунёд ва ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр соли 2020 муассисаи таълимии мазкур аз муассисаи таҳилоти умумии асосии №9 ба МТМУ №40 табдил дода шуд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода барои сохтмони мактаби нав соҳибкорон, шахсони саховатманду хайрхоҳ ва падару модаронро ҷалб намуда, бо такя ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандонамон эътибори ҷиддӣ диҳем, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созем, то ки онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Соҳибкорон ва фаъолони маҳаллаи Боғ иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки дар бунёди мактаби нав ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ