МАСТЧОҲ: Бахшида ба гиромидошти Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳаким Умедов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон баргузор гардид
02.10.2024 15:07
Санаи 29-уми сентябр дар майдончаи варзишии “Раҳим”-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба гиромидошти Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳаким Умедов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид.
Мусобиқа бо ташаббуси фарзандони шодравон Мирзоҳаким Умедов, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир шуд.
Барои иштирок дар мусобиқа 210 варзишгари наврас аз шаҳри Душанбе, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон, водии Рашт ва вилояти Суғд ба ноҳия ташриф оварда буданд.
Ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур меҳмонон аз пойтахти кишвар ва водии Рашт, собиқ раиси ноҳияи Рашт, дӯст ва рафиқи шодравон Мирзоҳаким Умедов – Қаноатшоҳ Лоиқов, устоди варзиш, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Усто Устопиров ва муовини аввали директори Телевизони “Варзиш”, муҳаррир ва ровии варзида – Алӣ Шарифӣ иштирок доштанд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ширкат варзида, ташрифи меҳмонону варзишгаронро ба ноҳияи Мастчоҳ шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои баланди варзиширо таманно кард.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ аз фаъолиятҳои пурсамар дар ҷодаи варзиш ва рӯзгори ибратомӯзи шодравон Мирзоҳаким Умедов ёдоварӣ карда, саҳми ӯро дар тарбия ва ба камол расонидани варзишгарони касбӣ, тақвияти тарбияи ҷисмонӣ ва рушди оммави гардонии он басо арзишманд хонд.
Пас аз анҷоми суханронӣ аз ҷониби раиси ноҳия меҳмонон ва соҳибкорони муваффақи ноҳия барои саҳмгузорӣ дар баргузории чорабинии варзишӣ бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамин тавр ҷудокорони ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи мазкур 8 медал, аз ҷумла 4 нишони тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибон бо медал, туҳфа ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ