Мулоқот бо фаъолон ва падару модарони хонандагон дар МТМУ №3-и деҳоти Оббурдон

02.10.2024 15:08

 
Рӯзи 30 сентябр раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо фаъолон ва кумитаи падару модарони МТМУ №3-и ба номи Гадо Умарии деҳоти Оббурдон мулоқот анҷом дод.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот дастгирӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар МТМУ №3, бо мизу курсӣ таъмин намудани муассиса, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон буда, соҳибкорону саховатмандон ва ашхоси хайрхоҳ барои таъмиру навсозии синфхонаҳо ва харидории мизу курсӣ ҷалб гардиданд.
МТМУ №3 яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Мастчоҳ буда, бинои он ҳанӯз соли 1956 сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз се бино таркиб ёфта, он дар аввал барои 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар муассисаи мазкур 1205 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Гарчанде муассисаи таълимӣ ба руйхати мактабҳои садамавӣ дохил нашуда бошад ҳам, вале деворҳои он ковок ва фаршу сақфи он фарсуда шудаанд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни мулоқот иброз дошт, ки ба пуррагӣ таъмир ва бо мизу курсӣ таъмин намудани муассиса аз буҷети ноҳия имконнопазир аст, бинобар ин аз соҳибкорон, фаъолон ва падару модарон хоҳиш карда шуд, ки дар бартараф намудани ин мушкилот дасти кумаки худро дареғ надоранд.
Давоми ду соли охил бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ се синфхонаи муассаи бо мизу курсӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон ба муассиса 2 адад ноутбук, 4 тахтаи синф ва тахтаи электронӣ дастрас гардидааст.
Зимни мулоқот фаъолон ва падару модарони хонандагон аз иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷонибдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои таъмир ва бо мизу курсӣ таъмин намудани синфхонаҳо саҳм мегузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter