МАСТЧОҲ: Гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 2 октябр беш аз 100 нафар даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ барои адои хизмати ҳарбӣ бо тантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон, дар назди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, комиссари ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшудагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба падару модарони наваскароне, ки бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намудаанд, сипосу миннатдории худ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён дошт.
Зикр карда шуд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд.
Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мо бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо тамоми ҳастӣ омода бошем.
Дар поёни суханронӣ раиси ноҳия даъватшудагонро ба хизмати содиқона, дӯст доштани Ватан ва содиқ будан ба халқу давлат ҳидоят намуда, барояшон хизмати бобарор таманно кард.
Сипас, даъватшаванда Илмҳомҷон Ҳусейнзода, собиқадори меҳнат Ҳасан Гулов ва имомхатиби масҷиди ҷомеъ ба номи Эшони Юсуфхони деҳоти Мастчоҳ Одинамуҳаммад Одинаев суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро вазифаи муқаддас дониста, аз ҷавонон даъват намуданд, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаландонаву садоқатмандона қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд.
Дар фарҷом ба 70 нафар даъватшавандагоне, ки бо ибтикор ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия курси ронандагиро таи ду моҳи охир омӯхтанд, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ имрӯз дар қатори дигар ҷавонписарони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия маъракаи гусели наваскаронро хубу хотирмон бахшид.