ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТ Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2024 14:02

 

 Ҳамдиёрони азиз,

           Ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтирому мамнуният ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ, ки дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоламон понздаҳ сол инҷониб, санаи 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз, саодати зиндагӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи фаъолият пешравию комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

        Мутобиқи Конститутсияи мамлакат, ки моҳи ноябри соли равон мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо 30-умин солгарди қабули онро таҷлил мекунем, забони давлатии мо забони тоҷикӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ барои мо – тоҷикон сарвати бузург, нишони ҳастӣ, пояндагӣ, гавҳари худшиносии миллӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

          Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.

        Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем”.

         Боиси ифтихору сарфарозии тамоми шаҳрвандони мамлакат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави ғамхорию меҳрубонӣ ва лутфу инояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ҷойгоҳи баланд ва мақоми арҷманди худро пайдо намуда, ҳамчун забони илму маориф, фарҳангу маърифат, сиёсату иқтисод аз баландтарин минбарҳои байналмилалӣ садо медиҳад. Дар ин даврон барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ тамоми шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам гардид. Ҳоло дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии пешрафт ва тавсеаи забони тоҷикӣ басо қавию мустаҳкам гардида, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” бо маром ҷараён дорад. Дар ин замина, шоҳасари илмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” барои тақвияти эҳсоси муҳаббату садоқати ҳамватанону ҳамзабонон нисбат ба забони модарӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Мо ҳамеша ифтихор аз он дорем, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ, аз он ҷумла аҳли зиё, адибону омӯзгорон, фарҳангиён баҳри мақому манзалати забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он, татбиқи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин замина қабулгардида саҳми шоистаи худро мегузоранд.

         Бори дигар, Рӯзи забони давлатиро ба ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз табрику таҳният гуфта, бароятон  саломатӣ, хушбахтӣ ва  ҳамаи шодию нишоти оламро таманно дорам.

           Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter