МАСТЧОҲ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

05.10.2024 17:11

 

           Имрӯз, 5 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурими Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

          Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корманди Раёсати маорифи вилоят Илҳомҷон Саидахмедов иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Нахуст Раиси ноҳия Аъзам Ализода омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияро ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгорон ва инчунин ба муносибати зодрӯзи Пешвои муаззами миллат табрик намуда, таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави ғамхорию меҳрубонӣ ва лутфу инояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ҷойгоҳи баланд ва мақоми арҷманди худро пайдо намуда, ҳамчун забони илму маориф, фарҳангу маърифат, сиёсату иқтисод аз баландтарин минбарҳои байналмилалӣ садо медиҳад. 

         Таъкид карда шуд, ки дар ин даврон барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ тамоми шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам гардид. Ҳоло дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии пешрафт ва тавсеаи забони тоҷикӣ басо қавию мустаҳкам гардида, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” бо маром ҷараён дорад. Дар ин замина, шоҳасари илмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” барои тақвияти эҳсоси муҳаббату садоқати ҳамватанону ҳамзабонон нисбат ба забони модарӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. 

        “Мо ҳамеша ифтихор аз он дорем, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ, аз он ҷумла аҳли зиё, адибону омӯзгорон, фарҳангиён баҳри мақому манзалати забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он, татбиқи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин замина қабулгардида саҳми шоистаи худро мегузоранд”-иброз дошт дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода.

       Ҳамзамон Раиси ноҳия дар идома суханронӣ вобаста ба саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбия насли наврас иброз дошт, ки дастовардҳои таълимии устодону омӯзгорони ноҳия, ки диёри муаллимони фозилу бомаҳорат ва фидоиёни соҳаи маорифи мамлакат мебошад, умеди моро ба фардои дурахшон қавитар мегардонад. 

“Мо бо муаллимони фидокору бомаҳорат, донишманду заҳматқарини ноҳия ҳамеша ифтихор дорем ва меҳнату шахсияти онҳоро доимо қадр менамоем”,- таъкимд намуд раиси ноҳия Аъзам Ализода.

          Сипас, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Илҳомҷон Саидахмедов паёми шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи омӯзгорон ва сокинони ноҳия расонида, изҳор дошт, ки дар сатҳи вилоят ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои "Беҳтарин муассисаи таълимӣ", "Беҳтарин муассисаи таълимии томактабӣ", роҳхати ройгони омӯзгорон ба осоишгоҳ ва тақвият бахшидани иқтидори моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар башорат дода, дар маҷмуъ барои баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат мекунад.

           Таъкид шуд, ки устодону омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат рисолати бузурги ба насли ҷавон омӯзонидани донишу маърифат ва касбу ҳунарро боз ҳам густариш бахшида, бо ин роҳ дар тарбия намудани ворисони арзандаи халқу миллат талош намоянд. Зеро дар шароити тағйирёбандаи фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ талаби давру замон мебошад. 

            Пас аз паёми шодбошиҳо дар вазъияти тантанавӣ як зумра кормандони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳа бо мукофоти соҳавии Нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter