ОМӮЗГОР – МАШЪАЛАФРӮЗИ МАЪРИФАТ ВА РАҲНАМОИ РӮЗГОР

05.10.2024 17:13

 

Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода  бахшида ба Рӯзи омӯзгор

               Муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф!

        Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор таҷлил карда мешавад, ки нишони барҷастаи эҳтиром, эътиқод ва арҷгузорӣ ба шахсияти муаллимон мебошад. 

       Бинобар ин, ман бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо - устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро  ба шарафи иди касбиатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракати бешумор, зиндагии хушу хуррам, тамоми шодию нишоти олам ва дар ҷодаи пуршарафи таълиму тарбияи шогирдони баркамолу сазовор пешравию комёбиҳои бузургро таманно дорам.

        Нақши омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф, ки қисми асосии зиёиёни ҷамъияти моро ташкил медиҳанд, дар пешрафти соҳаи таълиму таҳсил, тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон барҷаста мебошад. Шумо - омӯзгорон машъалафрӯзи дониш, мураббии маънавӣ ва раҳнамои саодати инсонҳо ҳастед. Маҳз, бо шарофати заҳмати шабонарӯзӣ ва маҳорату малакаи баланди касбии Шумо наврасону ҷавонон аз илму маърифат, ки сарчашмаи пешравӣ ва иқболи инсон аст, баҳравар мешаванд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

          Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.

          Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад”.

          Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави дастгирию ғамхорӣ ва меҳрубониҳои пайвастаи Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари омӯзгорон ва тақвияти мақоми иҷтимоии онҳо шароиту имкониятҳои арзанда фароҳам гардид. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуда, аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон Ҷоизаи махсуси Президенти мамлакат барои 15 нафар таъсис дода шудааст. Тавре, ки ҳамаи Шумо огоҳии комил доред, санаи якуми сентябр зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш Пешвои муаззами миллат сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар муҳлати наздиктарин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Яъне, ҳамаи ин ғамхориҳо нисбат ба омӯзгорону кормандони соҳаи маориф гувоҳи равшани мақому мартабаи ин қишри ояндасоз дар мамлакат ба шумор меравад.

           Боиси ифтихор аст, ки омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар 48 муассисаи таълимӣ, литсейи касбии агросаноатӣ ва коллеҷҳои кишоварзӣ ва омӯзгории ноҳия баҳри тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дастовардҳои таълимии устодону омӯзгорони ноҳия, ки диёри муаллимони фозилу бомаҳорат ва фидоиёни соҳаи маорифи мамлакат мебошад, умеди моро ба фардои дурахшон қавитар мегардонад. Мо бо муаллимони фидокору бомаҳорат, донишманду заҳматқарини ноҳия ҳамеша ифтихор дорем ва меҳнату шахсияти онҳоро доимо қадр менамоем.

          Боварии комил дорам, ки омӯзгорону устодон, мураббиён ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия ҳамеша бо иҷрои босифати дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти ибратбахши худро пеш бурда, ҳамеша шогирдони хушсаводу хушахлоқ, закиву забондонро тарбия менамоянд. Ба таъкиди Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед”.

          Бори дигар, ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорро ба ҳамаи ба ҳамаи Шумо – омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии ноҳия табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои барҷастаи таълимию эҷодӣ таманно дорам.

           Ид муборак, машъалафрӯзони илму маърифат!

              




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter