Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ
22 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбари вилоят таъкид кард, ки имрӯзҳо дар вилоят ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта идома дошта, роҳбарияти ноҳия ва фаъолонро зарур аст, ки ҳосилро пурраву беталаф ҷамъоварӣ карда, нақшаи пешбинишударо иҷро намоянд.
Тазаккур дода шуд, Мастчоҳ, ки аз ноҳияҳои асосии пахтакор асту бояд дар иҷрои нақшаи пахта пешсаф бошад ва барои ин аз тамоми имкониятҳои истифода бурда шавад.
Сипас, вобаста ба нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар нуҳ моҳи соли равон, раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия, ҷамъоварии пахта ва дигар самтҳои фаъолият раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳия рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ давра ба давра беҳтар гардида истодааст. Дар масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта бошад корҳо муташаккилона идома дошта, бо дастгирии ташкилоту идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор нафар ҳашарчиёну саҳмдорон ба ғунучини пахта машғул ҳастанд. Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳия 28075 тонна буда, ҳамарӯза беш аз 558 тонна «тиллои сафед» ба хирман супорида мешавад. Аз аввали мавсим бошад беш аз 8500 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст.
Раиси вилоят зимни таҳлили нишондиҳандаҳо таваҷҷуҳи фаъолон ва масъулинро ба вусъат бахшидани ҷамъоварии пахта ҷалб карда, илова намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ноҳия қариб 500 гектар чиниши якум ва 8 ҳазор гектар чиниши дуюми пахта мавҷуд аст. Бо назардошти ин, бояд ҳарчи бештар чинакчиён ҷалб карда шуда, ҳақи кори онҳо бояд сари вақт пардохт гардад. Ҳамзамон, барои ташкили ситоди махсус ва назорати фаъолияти он ба шахсони масъул супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар ҷаласа инчунин ба вусъатбахшии корҳои ободониву бунёдкорӣ, дар сатҳи баланд истиқболи гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба роҳбарияти ноҳия дастурҳо дода шуд.
Зимни баррасии пешниҳоди сокинон Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар оянда 4 километр роҳи мошингард, ки Ҷамоати деҳоти Палдоркаро бо шаҳраки Ганҷобод мепайвандад, бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш карда мешавад.
Дар навбати худ соҳибкорон ваъда доданд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ободии як гӯшаи Ватани соҳибистиқлоламон саҳми бештар мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд