Боздид аз рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
22 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни бунёди иншооти гуногун шинос гардид.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду таъмир ва навсозии беш аз 735 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, нақшаи тасдиқшуда то имрӯз 57 дарсад иҷро шудааст. Зимни сафар роҳбари вилоят сохтмони як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои вусъати бунёдкориҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Аснои боздид аз рафти сохтмони кӯдакистони нав иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдон бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал сохта мешавад.
Иқдоми нек дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин амалӣ карда мешавад. Тибқи лоиҳа бинои иловагии кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, он барои 120 нафар тарбиятгиранда ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят аз ташаббуси сокинону саховатмандон истиқбол карда, иброз дошт, ки бо ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ба кӯдакистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Ҷаъфар-2014" , коргоҳи забҳи парранда, бинои иловагии беморхонаи марказии ноҳия шинос гардида, барои тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд