Боздид аз рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

24.10.2024 13:44

 

Раиси вилояти Суғд дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 22 октябр бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳия шинос гардид.

Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии "Худойназар" ва "Искандар" роҳбари вилоят ба пахтакорон ва роҳбарияти ноҳия барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани маъракаи чиниши пахта супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи кишоварзон сари вақту беталаф ҷамъоварӣ гардида, деҳқон ҳатман самараи кори худро ба даст гирад.

Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 12 ҳазор гектар пахта кишт шуда буд. Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳия 28075 тонна муқаррар гардида, то имрӯз 8500 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст. Дар асоси маълумоти фаврӣ ҳамарӯза беш аз 558 тонна «тиллои сафед» ба хирман супорида мешавад.

Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Мусохон Ғафуров ва Саидқосим Бобоев хабар гирифта, ба собиқадорон кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter