ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БО ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

07.11.2024 12:06

 

Рӯзи 2 ноябр Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Дар сафари корӣ муовини сарвазирро Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзӣ ва Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.

Сулаймон Зиёзода зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор барои беталаф ва ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил дастуру маслиҳатҳо дода, таъкид дошт, ки шумораи ҳашарчиёнро аз ҳисоби саҳмдорон ва ёрдамчиён зиёда намуда, ҳамзамон онҳоро барои ғунучини пахта ҳавасманд намоянд.

Муовини сарвазир дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамчунин таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро тезонанд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter