30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ МАМЛАКАТ – ШУКӮҲИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам Наврӯз бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли шодмонию ифтихори баланди ватандорӣ ҳамаи Шуморо ба шарафи ҷашни фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику муборакбод мегӯям. Бароятон тансиҳатию умри дароз, иқболу саодати рӯзгор, тамоми хушиҳои олам ва дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳои бузургро таманно дорам.
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ санади муқаддаси даврони соҳибистиқлолии худ –Конститутсияро қабул намуданд, ки ин рӯйдоди сарнавиштсоз омили муҳими тамоми пешравию шукуфоии давлат ва таъмини ҳаёти саодатмандонаи мардуми кишварамон гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Воқеан, бо шарофати қабули Конститутсия ва амалӣ намудани меъёрҳои он халқи Тоҷикистон таҳти ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаёт ба пешравию комёбиҳои бузургу таърихӣ ноил гардид. Бинобар ин, нақши Конститутсия ҳамчун санади тақдирсоз, бахтномаи миллат, саодатномаи халқ, раҳнамои бунёди ҷомеаи адолатпарвар, шаҳсутуни кохи иқболу шукуфоӣ басо барҷаста мебошад. Тағйироту иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шуда, мазмун ва моҳияти ин санади муқаддасро боз ҳам мукаммал сохта, барои давлату миллат дар шоҳроҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон уфуқҳои нави пешрафту шукуфоиро равшан гардониданд.
Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави татбиқи меъёрҳои Конститутсия таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллию давлатиамон -35-солагии Истиқлоли давлатӣ раванди корҳои созандагию бунёдкориро бо меҳнату заҳмати фидокоронаи худ ҳамарӯза авҷу шукуҳи тоза мебахшанд. Ба ин муносибат мову Шумо ҳамарӯза дар ҳар як гӯшаву канори кишвари маҳбубамон шоҳиди ба истифода додани бинову иншооти нави иқтисодию иҷтимоӣ, саноатию хизматрасонӣ, таълимию фарҳангӣ шуда истодаем, ки пеш аз ҳама самараи қабул ва татбиқи аслҳои Коститутсияи мамлакат ба шумор меравад.
Боиси ифтихор аст, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба мисли тамоми шаҳрвандони саодатманди Тоҷикистон дар партави татбиқи Коститутсия ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва кору зиндагӣ намуда, ҳамасола бо заҳмати фидокоронаи худ дар ҳамаи самтҳо, махсусан рушди саноат, иқтисодиёт, сохтмон, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба дастоварҳои шоиста ноил мегарданд.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ сокинони ноҳия бо меҳнати софдилонаву содиқонаи худ дар доираи таъмини волоияи Конститутсия ва қонуният, иҷрои дастуру ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳу вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода раванди созандагию бунёдкориро вусъати азим бахшида, ҷашнҳои фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзинро бо дастоварду комёбиҳои шоиста истиқбол мегирад.
Бо умеди саодати ҷовидонӣ ва иқболи баланди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизамон бори дигар ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони мамлакатро ба ҷашни фирӯзу хуҷастаи 30-солагии қабули Конститутсияи мамлакат табрику муборакбод гуфта, бароятон тандурустӣ ва рӯзгори пурфайзро таманно дорам.
30-солагии қабули Конститутсияи мамлакат-шукӯҳи бахту саодати миллату давлат муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!