ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

07.11.2024 12:11

 

 6 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва сардори Раёсатӣи кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён сокинони шарафманди ноҳияро аз номи Раиси вилояти Суғд сидқан табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ин қабул гардидани ин ҳуҷҷати бунёдӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра устуворона нақши арзишманд гузорад.

      Таъкид шуд, ки дар вазъияти ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ, ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии он давра бо иродату ҳамдилии мардуми Ватани маҳбубамон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз нишонаи барҷастаи хирад, суннатҳои таҳаммулгароӣ, фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва созандаи халқи тоҷик мебошад.  

Бо назардошти чунин меъёрҳои инсондўстона ва фарогирии манфиатҳои олии миллату давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд азизу муқаддас ба ҳисоб меравад.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода сокинони ноҳияро низ ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки ин рӯйдоди сарнавиштсоз омили муҳими тамоми пешравию шукуфоии давлат ва таъмини ҳаёти саодатмандонаи мардуми кишварамон гардид.

Зикр гардид, ки нақши Конститутсия ҳамчун санади тақдирсоз, бахтномаи миллат, саодатномаи халқ, раҳнамои бунёди ҷомеаи адолатпарвар, шаҳсутуни кохи иқболу шукуфоӣ басо барҷаста мебошад. Тағйироту иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шуда, мазмун ва моҳияти ин санади муқаддасро боз ҳам мукаммал сохта, барои давлату миллат дар шоҳроҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон уфуқҳои нави пешрафту шукуфоиро равшан гардониданд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба як зумра хизматчиёни давлатӣ, иштироккунандагони сохти конститутсионии давлат ва собиқадорони мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ туҳфа ва сипосномаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ супурда шуд.

Дар охир барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter