Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи Президент ва 32 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ
Тамоми сокинони саодатманди ноҳияро ба шарафи ҷашнҳои хуҷастаи Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатию умри дароз, файзу баракати зиндагӣ, иқболу толеи баланди фарзандону пайвандон ва тамоми хушиҳои оламро орзумандам.
Таманнои онро дорам, ки мардуми шарифи кишвари маҳбубамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саодатманду хуррамдил ва Ватани маҳбубамон пешрафту шукуфон бошанд.
Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар кишвари азизамон санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президент боз аз он ҷиҳат, барои мо аҳамияти бузург дорад, ки он дар арафаи солгарди рӯйдоди бузургу сарнавиштсози Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат ҷараён мегирад. Дар таърихи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мафҳумҳои “Президенти Тоҷикистон” ва “Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон” барои мардуми кишварамон азизу муқаддас мебошанд. Чунки баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ рӯйдоди беназиру тақдирсоз дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд”.
Шоистаи таъкид аст, дар Иҷлосияи шонздаҳум вакилони халқ якдилона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне роҳбари давлат интихоб намуданд. Интихоби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоби бахту саодат ва интихоби пешрафту шукуфоӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Зеро, дар асоси татбиқи қарорҳои таърихии Иҷлосияи шонздаҳум соли 1994 мардуми шарифи кишварамон Конститутсияи даврони соҳибистиқлолиро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, роҳи бунёди давлати соҳибихтиёру ягона, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимоии Тоҷикистонро дар шакли ҷумҳурии президентӣ интихоб намуданд. 30 сол муқаддам дар радифи қабули Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон роҳбари фарзонаву дилсӯзи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти мамлакат интихоб намуданд. Ин фарзанди азиз ва роҳбари оқил бо ақлу заковат, донишу маҳорат ва аз ҳама муҳим муҳаббату саодати худ ба халқу Ватан Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат, аз ҷангу хунрезӣ ба арсаи саломату саодат ва сулҳу шукуфоӣ оварданд. Бинобар ин, иди Рӯзи Президент гувоҳи эҳтирому ихлос ва нишони меҳру муҳаббати бузурги мардум ба Роҳбари оқилу хирадманд, адолатпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони муосир - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баъди интихоботи Президентии соли 1994 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари арзандаву ҷонфидо дар интихобтҳои 6 ноябри солҳои 1999, 2006, 2013 ва 11 октябри соли 2020 Президенти кишвар интихоб шуданд. Дар давоми сӣ соли фаъолияти президентии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ободу шукуфон, сарзамини пешрафтаву шукуфон, диёри амнияту осоиш мубаддал гардид. Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мардуми кишвар комёбию дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ба даст оварданд. Дар ин давра, дар кишвари маҳбубамон раванди созандагию бунёдкорӣ авҷу барори бештар пайдо карда, ба ин муносибат даҳҳо ҳазор иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, дар мисоли бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, садҳо муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, хизматрасонӣ, молиявӣ, корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳои навбунёд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю эътибор ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон хеле баланд гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусҳои созанда, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли ҳамкорӣ ва дипломатия дар соҳаи об-2013” ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми олам машҳур гардид. Бинобар ин, мо ҳамеша бо Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозем, ки пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.
Бори дигар, ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашнҳои Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва саодати зиндагиро таманно дорам.
Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!