МАСТЧОҲ: Таҷлили Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози кишвар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иштирок ва суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашнҳои фархундаро табрик гуфтанд.
Муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни ироаи номаи табрикии Раиси вилояти Суғд гуфт, ки таҷлили ин санаи фархунда бо оғози баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мувофиқ омадааст. Зеро ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари кишвари азизамонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар ҳадя намуданд, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву ободу озод табдил доданд.
Таъкид шуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбар ва илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу фардои Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар давоми 30 соли фаъолияти президентии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ободу шукуфон, сарзамини пешрафтаву шукуфон, диёри амнияту осоиш мубаддал гардид. Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мардуми кишвар комёбию дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ба даст оварданд.
Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз авҷи шукуфоии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии давлат ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ гуфт, ки дар ин давра, дар кишвари маҳбубамон раванди созандагию бунёдкорӣ авҷу барори бештар пайдо карда, ба ин муносибат даҳҳо ҳазор иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, дар мисоли бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, садҳо муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, хизматрасонӣ, молиявӣ, корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳои навбунёд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю эътибор ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон хеле баланд гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусҳои созанда, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли ҳамкорӣ ва дипломатия дар соҳаи об-2013” ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми олам машҳур гардид. Бинобар ин, мо ҳамеша бо Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозем, ки пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ