Ҷаласаи васеи кории назди раиси ноҳия
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта ва ходимони дини ноҳия иштирок доштанд.
Ҷаласаи корӣ дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18 ноябр зимни мулоқоташон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён доштанд, доир шуд.
Дар рафти маҷлис масъалаҳои ҷамъоварии ҳосили боқимондаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, вусъати корҳои сохтмонӣ, бунёди корхонаи истеҳсолӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии андоз, омодагии ташкилоту муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистон ва рафти маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия зимни таҳлили ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта ҳарчӣ зудтар ҷамъоварӣ гардад.
Масъулини соҳаи кишоварзӣ ҳамзамон дастур гирифтанд, ки ҷамъбасти соли равонро бо нишондиҳандаҳои назаррас дар самти кишоварзӣ ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардиданд, ки барои пурра иҷро намудани нақшаи андозҳо тадбирҳои мушаххас андешида, нақшаҳои пешбинишударо барзиёд иҷро намоянд.
Вобаста ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, инчунин ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таъкид гардид, ки ба раванди васеъгардонии миқдори корхонаҳо дар ҳудуди ноҳия такони нав бахшида шавад. Бо ин мақсад ба масъулини кумитаи замин ва шуъбаи меъморӣ дастур дода шуд, ки дар ин самт чораҳои дахлдор андешанд.
Дар идомаи ҷаласа раиси ноҳия ҳамчунин доир ба рафти таъмиру навсозии хонаҳои фарҳанг дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ, кам кардани бақияи андозҳо, тозагии муҳити зист, ташкили аксияҳои тозагӣ дар шоҳроҳ, маркази ноҳия ва назди биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, омодагии ташкилоту муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистон, рафти маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ