РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИДИ БОШУКӮҲИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами давлатӣ яке аз санаҳои мубораку муқаддас ва иди бошукуҳи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки бо ибтикори хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол санаи 24-уми ноябр таҷлил карда мешавад. Бинобар ин, бо камоли ифтихору шодмонӣ фарорасии ҷашни хуҷастаи Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию умри дароз, бахту саодат, иқболи неку баракати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Тарҳи имрӯзаи Парчами давлатии даврони соҳибистиқлолӣ сию ду сол муқаддам, яъне санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлату давлатдорӣ тасдиқ карда шуд. Ин руйдоди таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон марҳилаи тақдирсоз гардид. Чунки маҳз бо қабули Парчами давлатӣ ва партавафшонии ин ливои муқаддас таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон мушкилоти сахту сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот ёфта, кишвари маҳбуби худро ба сарзамини шукуфон ва пешрафта табдил доданд.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши Парчами давлатӣ дар сарнавишти халқу Ватан ва таърихи парчамдории тоҷикон таъкид намудаанд: «Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг аст: сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.
Парчами давлати Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯбарӯи парчами давлати Тоҷикистон аз сарбози одӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд».
Моҳи сентябри соли 2020 бо ҳузури мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстон майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тайи чор сол инҷониб, майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию ватандӯстонаи сокинони ноҳия, аз ҷумла ҷавонон табдил шудааст.
Эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла Парчами миллӣ рукни муҳими маърифати шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бинобар ин, мову Шумо масъул ва вазифадор ҳастем, ки баҳри тарбия ва камолоти фарзандону пайвандонамон дар рӯҳияи қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ҳамеша саъю талош намоем. Тоҷикистони маҳбуби худро аз самими дил дӯст дорем ва бо дасту дилу ниёти пок ва тамоми ҳастии худ дар пешрафту шукуфоии он саҳмгузор бошем.
Иди фархундаи Рӯзи Парчами давлатиро бори дигар бароятон табрику таҳният гуфта, ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар кадоми шумо ва тамоми сокинони ноҳия «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!