Дар деҳоти Оббурдон сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар ба тариқи ҳашар идома дорад

06.12.2024 11:53

 

Дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдон сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар ба тариқи ҳашар идома дорад.

Кӯдакистон бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал сохта мешавад.

Иқдоми нек дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳама рӯза дар кори сохтмони кӯдакистони мазкур беш аз 100 нафар сокинони маҳал иштирок менамоянд.

Тибқи лоиҳа бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, он барои 300 нафар тарбиягиранда пешбинӣ шудааст.

Сохтмони кӯдакистон дар як вохӯрии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо фаъолон, соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии АХД Фирдавсӣ ба нақша гирифта шуд.

Зимни мулоқот раиси ноҳия Аъзам Ализода бо таваҷҷуҳ ба муроҷиатҳои пайдарпайи падару модарон ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон, инчунин ба таъмири куллӣ ниёз доштани кӯдакистони №5-и деҳоти Оббурдон таъкид дошт, ки зарурати бунёди бинои иловагии замонавии дуошёна дар ҳудуди кӯдакистони мазкур ба миён омадааст. 

Ҳоло дар АХД ба номи Фирдавсӣ Кӯдакистони №5 фаъолият менамояд. Кӯдакистони мазкур соли 1980 сохта шуда, айни замон дар он 120 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои роҳбарияти муассиса беш аз 50 нафар падару модарон барои ҷойгир ва ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон муроҷиат намудаанд. Аммо бо сабаби танг ва таъмирталаб будани синфхонаҳо муассиса имкони ғунҷоиши кӯдакони дар навбат истодаро надорад. 

Маврид ба зикр аст, ки фарогири кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 10,4 фоизро дарбар мегирад. Аз 13 ҳазор нафар навраси синни томактабӣ, танҳо 1358 нафарашон дар 12 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла як адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, дар марказҳои инкишофи кӯдакон, ки дар назди 22 муассиса ташкил шудаанд, 607 нафар кӯдак таҳсил мекунанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни мулоқот аз соҳибкорон, ашхоси ватандӯсту саховатпеша ва падару модарон даъват намуд, ки дар бунёди бинои иловагии кӯдакистон саҳм гузоранд, зеро сохтмони он аз буҷети ноҳия имконнопазир мебошад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби аҳолии АХД Фирдавсӣ якдилона  дастгирӣ ёфт ва соҳибкорону раисони маҳаллаҳо барои бунёди он саҳмгузорӣ намуданд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter