Дар деҳоти Палдорак Қасри ҷавонон ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин бинёду азнавсозии иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо маром доранд.
Дар доираи ин тадбир дар деҳоти Палдорак бунёди Қасри ҷавонон ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони он ба анҷом расида, корҳои рангуборкунӣ дар арафаи анҷомёбист.
Корҳои лоиҳакашии Қасри ҷавонони деҳоти Палдорак ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, сохтмони он асосан соли 2016 шуруъ шудааст. Иншот бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг мебошад.
Масоҳаи умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат мебошад. Бинои қаср дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ низ мебошад.
Бинои қаср дар умум аз 19 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он ҳамзамон барои 200 ҷойи нишаст толори намоиш ва баргузории чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи 1-уми бино ҳамчунин толори рақс, студияи сабти овоз, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.