Иҷлосияи 21-уми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати шашум баргузор гардид

23.12.2024 09:00

 
12 декабр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Иҷлосияи 21-уми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати шашум баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти раёсати раиси ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аъзам Ализода доир гардида, дар он ҳамчунин вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи иҷлосия ду масъала: муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ ва таъсис додани комиссияи ноҳиявии интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Зимни муҳокимаи масъалаи аввал, вакилон тасмим гирифтанд, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ дар ноҳия бо дарназардошти талаботи қонунгузории амалкунанда ва шумораи аҳолии минтақа 40 ҳавза муайян карда шавад.
Дар масъалаи дуюм, ҳайати комиссияи ноҳиявии интихоботӣ аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид. Комиссия иборат аз 13 нафар, намояндагони сохторҳои гуногун ва шахсони ботаҷриба, таъсис дода шуда, вазифадор гардид, ки омодагии ҳамаҷониба ва ташкили дурусти интихоботро таъмин намояд.
Дар фарҷоми иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter