МАСТЧОҲ. БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ БО ИШТИРОКИ САРДОРИ СИТОДИ ГЕНЕРАЛИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР

23.12.2024 09:02

 
Субҳи рӯзи 13 декабр дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода чорабинии санҷиши омодабошии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, инчунин захираҳои сафарбарӣ бо ҷалби ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қушӯнҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангиро дар бар мегирад.
Баргузории чорабинии мазкур далели равшани таҳкими пояҳояи Ваҳдати миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Зеро ҳифзи амнияту оромӣ, сулҳу осоиш ва сарҳади муқаддаси Ватани маҳбубамон вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар ин радиф, зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки ҳамаи шаҳрвандон вазифадор ҳастанд, ки баҳри тақвияти нерӯи Артиши миллӣ, омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию маънавии қисмҳои низомӣ, кор бо захираҳои сафарбарӣ ва минтақаи мудофиаи ҳудудӣ саҳмгузорӣ намоянд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter