Грантҳои раиси ноҳия ба ҳунармандон супорида шуданд

23.12.2024 09:04

 
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва мардони эҷодкор, дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни грантҳо баргузор гардид. Дар натиҷаи он 5 нафар ҳунарманд бо грантҳои раиси ноҳия сарфароз шуданд.
Маблағи грантҳо аз 2000 то 5000 сомониро ташкил дода, барои беҳтарсозии шароити корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва рушди фаъолияти эҷодии ғолибон равона шудааст.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни супоридани грантҳо таъкид намуд, ки ҳунармандӣ ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ буда, ба рушди ҷомеа ва дастгирии иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки чунин ташаббусҳо дар оянда идома хоҳанд ёфт, то ҳарчӣ бештари занон ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки таъсиси грантҳои раиси ноҳияи Мастчоҳ ҷузъе аз сиёсати дастгирии рушди иқтисодии маҳаллӣ ва тавонмандсозии занон мебошад. Ҳунармандони маҳаллӣ на танҳо иқтисоди хонавода, балки фарҳанги миллӣ ва мероси ғайримоддии моро эҳё мекунанд.
Ғолибони озмун нақшаҳои худро барои истифодаи грантҳо муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин дастгирӣ ба пешрафти кори онҳо ва ҷалби бештари занону бонувони хонашин ба ҳунармандӣ мусоидат хоҳад кард.
Иқдоми мазкур намунаи ибрат барои ташвиқи занон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва эҷодкорӣ дар ноҳия арзёбӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter