ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
02.01.2025 13:43
Рӯзи 26 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳия Аъзам Ализода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён, вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони маҳаллӣ ширкат вархиданд.
Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аъзам Ализода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард.
Дар Иҷлосия 7 масъала, аз ҷумла ҳисоботи раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар 11 моҳи соли 2024; Қабули буҷети ноҳия барои соли 2025; ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ оид ба масъалаҳои қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ; ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сангин Ниёзов” - №9 оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ; дар бораи номгузорӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия муовини раиси ноҳия Музаффар Азиззода баромад намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ҳисобот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии халқи ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ба як зумра комёбиҳои шоиста ноил гардиданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти тағйирот ба андозаи 100 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 64875,0 ҳазор сомонии нақшавӣ ба он 64909,6 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 34,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати давраи ҳисоботии соли 2023 3452,4 ҳазор сомонӣ, ё худ 5,6 фоиз зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2024 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 6649 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор бо шаҳодатнома 343 адад, шаҳодатномаи махсус 415 адад патент 424 адад, шахсони ҳуқуқӣ 599 адад ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 4868 ададро ташкил медиҳанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 182 адад зиёд шудааст.
Доир ба рушди сармоягузорӣ таъкид гардид, ки айни замон дар миқёси ноҳия 4 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 1 млн. 403 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – рушди босуръати саноатикунонӣ таъкид гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ба маблағи 400 млн. 410 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 млн. 896 ҳазору 200 сомонӣ зиёд буда, 106,6 фоизро дарбар мегирад.
Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар шакли асл 872 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 138 тонна орд, 405 тонна маҳсулоти ширӣ, 63 тонна равғани растанӣ, 1302 тонна ресмони пахтагин, 70750 тонна семент, 5805,2 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 3 ҳазор 197,6 дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 164 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Давоми ёздаҳ моҳи соли 2024 дар ноҳия гардиши савдои чакана 372 млн. 300 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 19.1 млн. зиёд мебошад, ки 102,6 фоизро дарбар мегирад.
Доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти умумии маҳсулоти соҳа ба 1 млрд. 531 млн. сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 115,3 фоизро ташкил медиҳад.
Пас аз музокираҳо аз рӯи масъалаи дуюми Иҷлосия лоиҳаҳои қисми даромад ва қисми хароҷоти буҷети ноҳия барои соли 2025 муаррифӣ карда шуданд.
Зикр карда шуд, ки буҷети ноҳия барои соли 2025 дар умум ба маблағи 172 млн. 200 ҳзр. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли 2024 ба маблағи 12 млн. 595 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Аз рӯи масъалаи сеюми иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ оид ба масъалаҳои қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шунида шуд.
Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сангин Ниёзов” №9 – Зайнура Умарзода Васлӣ оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Вакил зимни маърӯза доир ба иҷрои босифати нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии худ, суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои ободонӣ дар ҳудуди ҳавза, сарпарастӣ, тадбирҷӯӣ ҷиҳати кумак ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба таври муфассал маълумот дод.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи панҷуми иҷлосия масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни Иҷлосия вакилон ҳамчунин ба масъалаи иваз кардани номи кӯчаи Калинин -1 деҳоти Палдорак ба номи яке аз фотеҳони дашти Дилварзин, иштирокчии ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сангин Раҳматов розигӣ доданд.
Бо тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ва қабули қарорҳои дахлдор доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иҷлосия кори худро ба анҷом расонид.
Пас аз анҷоми кори иҷлосия сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён суханронӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта, ҷамъбаст намудани соли 2024 бо натиҷаҳои назаррас, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагонии мардум ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ таклифу пешниҳодҳо намуд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷиҳати вусъат ва тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷалби соҳибкорон барои сохтани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замини ташкили ҷойҳои нави корӣ, пешгирии афзоиши раванди муҳоҷират дар байни занон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар байни аҳолӣ, дастгирии қишри ниёзманд, аз ҷумла ятимони кул, маъюбон ва пирони барҷомонда, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҷинояткорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ