Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод

02.01.2025 13:50

 
Дар ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти раиси ноҳия Аъзам Ализода бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, аҳамияти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки саҳми соҳибкорон дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ хеле муҳим мебошад.
Аъзам Ализода бо таваҷҷуҳ ба саҳми соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гуфт, ноҳияи Мастчоҳ бо рушди иқтисодиву иҷтимоии худ, бахусус тавассути саҳми фаъолонаи соҳибкорон, барои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ талошҳои созандаро идома медиҳад.
Ҳамзамон, пешниҳодҳо оид ба беҳтар кардани шароитҳои фаъолият барои соҳибкорон, аз ҷумла дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок ва мусоидат ба пешбурди ташаббусҳои нави истеҳсолӣ, ироа гардиданд.
Мулоқот дар фазои ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт ва роҳбарияти ноҳия омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон изҳор намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter