Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба афсарону сарбозони қисмҳои низомии ноҳияи Мастчоҳ аз номи Пешвои миллат
Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ба афсарону сарбозони қисмҳои низомии ноҳияи Мастчоҳ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Дар маросими супоридани туҳфаҳо, намояндагони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзида, аз номи Пешвои миллат афсарону сарбозонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуданд. Зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба муҳофизони Ватан ва таҳкими неруи мудофиавии кишвар ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатии Пешвои миллат қарор дорад.
Туҳфаҳои солинавӣ, ки аз маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буданд, ба афсарону сарбозон тақдим гардида, ҳамчун нишонаи қадршиносӣ ва дастгирӣ аз фаъолияти фидокоронаи онҳо дар ҳифзи оромии кишвар арзёбӣ шуданд.
Афсарону сарбозон ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки рисолати муқаддаси худ – ҳифзи марзу буми Тоҷикистонро бо садоқати комил ба иҷро мерасонанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ