Табрики афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ

02.01.2025 14:11

 
Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомии ноҳияи Мастчоҳ табрик карда шуданд.
Маъруфҷон Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят афсарону сарбозонро аз номи Раиси вилояти Суғд бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, барояшон тандурустӣ, барори кор ва муваффақиятҳои нав дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуданд.
Дар табрикот зикр гардид, ки хизмати афсарону сарбозон, ҳамчун ҳомиёни содиқи Ватан, барои таъмини оромӣ ва суботи кишвар аҳамияти бузург дорад.
Афсарону сарбозон аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти вилоят самимона изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки вазифаи муқаддаси худро бо масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард ва барои ҳифзи амнияти кишвар талоши бештар хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter