Кӯдакистонҳои ноҳияи Мастчоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд
02.01.2025 14:30
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ ба насли наврас кӯдакистонҳои ноҳияи Мастчоҳро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуд. Дар ин замина, 47 адад таҷҳизоти нав, аз ҷумла катҳои хоб, мизу курсӣ, ҷевонҳои либос ва ҷевонҳо барои бозичаҳо ба кӯдакистонҳои ноҳия дастрас карда шуданд.
Ин иқдом ба беҳтар намудани шароити тарбия ва омӯзиши кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ равона гардида, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии томактабӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, ин дастгирӣ ҳамчун як қадами муҳим дар ҷиҳати иҷрои сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат баҳри дастгирии кӯдакон арзёбӣ мешавад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни тақсимоти таҷҳизот ба кӯдакистонҳо гуфт, ки
таъмини таҷҳизоти мазкур шароити беҳтареро барои кӯдакон ва кормандони кӯдакистонҳо фароҳам оварда, барои рушди маърифатии кӯдакон дар муҳити бароҳат мусоидат хоҳад кард.