Раиси ноҳияи Мастчоҳ ятимони куллро ба Соли нав табрик намуд

02.01.2025 16:08

 
Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ ва бо мақсади дастгирии ятимони кулл, дар тарабхонаи "Шоми Мастчоҳ" ҷамъомади солинавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода иштирок намуда, ятимонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард.
Раиси ноҳия дар суханронии худ зикр намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва кӯдакони ниёзманд яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа мебошад. Вай таъкид кард, ки ятимон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд ва барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва таҳсили онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ ба ҳамаи ятимони кулл туҳфаҳои соли навӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, барои ятимон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ташкил карда шуд, ки ба рӯҳияи онҳо шодию хушнудӣ бахшид.
Ятимони кулл аз ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, зикр намуданд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо дастгирии моддӣ, балки рӯҳбаландии бузург барои онҳо мебошад.
Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи равшани ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва кӯдакони ниёзманд буда, фазои ҳамбастагию инсондӯстиро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Ҷамъомади мазкур бо шодию хурсандии зиёд ба анҷом расид ва барои иштирокдорон хотираҳои неке боқӣ гузошт.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter