Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд

02.01.2025 16:12

 
30 декабри соли 2024 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ин маросим Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, масъулини соҳаи варзиш, собиқадорону мураббиён ва варзишгарон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бо раҳнамоиву дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони Милали Муттаҳид 9 феврали соли 2024 бори нахуст қатъномаи махсусро дар бораи Рўзи ҷаҳонии футбол эълон кард, ки ин ташаббус мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шоиста муаррифӣ намуд.
Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар рўҳияи сулҳу ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дўстӣ ва таҳаммулпазирӣ гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи эълон намудани 25 майро ҳамчун Рўзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт ва ин дастоварди бузург боиси рўҳбаландии сокинони мамлакат гардид, ки дар таърихи футболи ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.
Соли 2024 барои футболи тоҷик соли бобарор буд, зеро дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар чемпионати Осиё оид ба футбол иштирок намуда, дар қатори 8 дастаи беҳтарини қитъаи Осиё мақом пайдо намуд ва футболбозони бонангу номус шарафи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон низ тавонист, ки дар чемпионати Осиё оид ба футзал иштирок намуда, дар зинаи 4-ум қарор гирад ва роҳхат ба чемпионати ҷаҳонро ба даст оварад.
Ин муваффақиятҳои беназир туфайли таваҷҷўҳу эътибори ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равнақи соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол ба даст омада, дар ин ҷода саҳми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррас аст.
Тазаккур дода шуд, ки барои дастаҳои футболи вилоят низ имсол соли хотирмон буд. Зеро клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2024 мақоми дуюмро соҳиб гардида, медали нуқраи чемпионатро соҳиб гашт. Илова бар ин, дастаи “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар Лигаи якум бо гирифтани нишони нуқра мушарраф гардид. Дастаи “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат пайдо намуд.
Рушд ва инкишофи футболи кўдакону наврасон дар мадди назари роҳбарияти Федератсияи футболи вилоят қарор дорад. Соли ҷорӣ футболбозони навраси вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, дастаи “Тоҷ”-и вилояти Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии Лигаи Пешсаф оид ба футбол байни наврасони то 16 сола маҳорати баланд нишон дода, соҳиби медали нуқра гардид.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мактаббачагон барои дарёфти “Тўби чармин” дастаи футболи шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанд дар гурўҳи то 17 сола маҳорати хуб нишон дода, мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб намуданд.
Футболи духтарон ва бонувон низ вақтҳои охир дар вилоят рушд ёфтааст. Соли равон футболбозони ҷавондухтарони ноҳияи Шаҳристон дар чемпионати Тоҷикистон байни бонувон маҳорати хуб нишон дода, мақоми сеюмро соҳиб гаштанд. Илова бар ин, футболбозони навраси ноҳияи Мастчоҳ байни гурўҳи то 15 сола дар чемпионати Тоҷикистон ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гуруҳи калони собиқадорону мураббиён ва футболбозони дастаҳо туҳфаҳо супорида шуд.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter