Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
02.01.2025 16:17
Рӯзи 31 декабр дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи кабудизоркунӣ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода оғоз ёфт. Маърака дар маркази шаҳраки Бӯстон оғоз гардида, сокинон ва кормандони ташкилоту идораҳои маҳаллӣ дар он фаъолона иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қарори мазкур, дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2025 беш аз 24 ҳазор дарахту гулу буттаҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.
Зимни оғози маърака раиси ноҳия таъкид намуд, ки татбиқи чунин барномаҳо на танҳо барои беҳтар кардани муҳити зист, балки барои баланд бардоштани сифати зиндагии сокинон аҳамияти бузург дорад. Ӯ изҳор дошт, ки кабудизоркунӣ яке аз самтҳои муҳими рушди ноҳия буда, ободии маҳал аз иштироки фаъолонаи сокинон вобаста аст.
Сокинони шаҳраки Бӯстон ин ташаббусро гарм истиқбол намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи барнома изҳор доштанд. Барнома пешбинӣ мекунад, ки маъракаи кабудизоркунӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор гардад, то ки ноҳияи Мастчоҳ ба як минтақаи сабзу хуррам табдил ёбад.
Маъракаи имрӯза ба тарғиби маърифати экологӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар ҳалли мушкилоти муҳити зист такони ҷиддӣ бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ