СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025 МУБОРАК
02.01.2025 16:19
Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Соли нави мелодии 2025
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли шодмонӣ ва шукргузорӣ аз вусъати раванди созандагию бунёдкорӣ ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони саодатманду музаффари ноҳияро ба фарорасии Соли нави мелодии 2025 аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, файзу баракати бешумор, бахту иқболи баланди фарзандону пайвандон, камоли давлат, тамоми хушиҳои олам ва дар ҷодаи фаъолият пешравию муваффақиятҳои беназирро орзумандам.
Таманои онро дорам, ки дар Соли нави мелодии 2025 Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии оқилонаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нусрату пирӯзиҳои бузург ноил шуда, боз ҳам ободу шукуфон ва сарсабзу хуррам мегардад.
Боиси ифтихору мамнуният аст, ки дар соли сипаришавандаи 2024 сокинони мамлакат зери сарварию раҳнамоиҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнату заҳмати аҳлона дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии худро бештар гардониданд. Тавре, ки аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, дар соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар ин сол 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Дар ин сол таҷлили бошукуҳи 30-солагии Конститутсияи мамлакат аз ҷумлаи рӯйдодҳои беназир ва санаи фархундаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ буд. Дар соли 2024 бори нахуст дар таърихи инсоният таҷлил шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, бо ташаббуси варзишпарваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ шукуҳафзои эътибору нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардид.
Дар соли сипаришавандаи 2024 сокинони заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Мастчоҳ дар партави ғамхорию меҳрубониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи самимии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо меҳнати аҳлона дар ҳамаи самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия комёбиҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда аз 400 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2023 аз 24 млн. сомонӣ бештар мебошад. Ба ҳамин монанд, афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли сипаришудаи 2024 беш аз 100 млн. сомонӣ афзоиш ёфт. Давоми соли 2024 раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суръат гирифта, дар ноҳия даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуда, сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия, бунёди бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон, бинои иловагии кӯдакистон дар хоҷагии ба номи Абулқосим Фирдавсии деҳоти Оббурдон, филиали муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзини деҳоти Палдорак вусъат ёфтанд. Бо илҳом аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат аҳли мактабу маорифи ноҳия дар соли 2024 ба комёбиҳои арзандаи таълимию тарбиявӣ ноил шуданд. Шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ, махсусан озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд.
Тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 4-уми декабри соли 2024 рӯзи 2-юми марти соли 2025 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ доир карда мешавад. Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳия бо азму иродаи матин ва шуури баланди ҳуқуқӣ, маърифати волои ватандорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, номзадҳои арзандаву сазовори худро ба сифати вакилон ба ҳамаи зинаи мақомоти намояндагии мамлакат интихоб менамоянд.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.
Итминони комил дорам, ки бо иҷрои чунин дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия дар Соли нави 2025 низ бо меҳнату заҳмати фидокорона барои ободии диёр ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2025-умро ба ҳамаи сокинони ноҳия ва тамоми ҳамватанони азизамон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.
Соли нави мелодии 2025 муборак, ҳамдиёрони азиз!