Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз фаъолияти корхонаи парандапарварии "Саҷҷод" дар деҳоти Оббурдон боздид намуд

04.01.2025 11:05

 
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз корхонаи парандапарварии "Саҷҷод" дидан кард. Ин корхона, ки соли 2013 таъсис ёфтааст, яке аз корхонаҳои муваффақи маҳаллӣ дар соҳаи парандапарварӣ ба ҳисоб меравад.
Дар корхонаи "Саҷҷод" айни замон зиёда аз 54 ҳазор сар мурғи тухмгузор парвариш меёбад, ки аз ин миқдор 18 957 сар паранда тухмдиҳанда мебошанд. Соли 2024 ин корхона беш аз 5 миллион 840 ҳазор дона тухм истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023, 1 миллион 200 ҳазор зиёд мебошад. Истеҳсоли зиёдшуда на танҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маҳаллӣ, балки барои таъмин кардани бозорҳои дигар низ равона шудааст.
Роҳбари корхона Қутбиддин Баҳодуров бо ҷалби сармояи иловагӣ нақша дорад як бинои нави махсус барои парвариши беш аз 50 ҳазор сар мурғи тухмдиҳанда бунёд намуда, иқтидори истеҳсолии корхонаро афзоиш диҳад. Бо татбиқи ин лоиҳа, теъдоди кормандони фабрика ба 26 нафар мерасад, ки ин қадами муҳим дар самти эҷоди ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Илова бар ин, дар ҳудуди корхона як гармхонаи муосир таъсис дода шудааст, ки дар он лимон парвариш карда мешавад. Ин иқдом барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза ва дастгирии иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муҳим мебозад. Соли равон роҳбарияти корхона зиёда аз 4 тонна лимон истеҳсол намудаанд.
Дар рафти боздид, Аъзам Ализода ба масъалаҳои муҳити зист ва таъмини шароити беҳтари корӣ барои кормандон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай таъкид кард, ки корхона бояд аз технологияҳои муосир ва усулҳои самараноки парвариши паранда истифода намуда, ҳамзамон, ба ҳифзи муҳити зист ва паст кардани таъсири манфии истеҳсолот диққат диҳад.
Раиси ноҳия аз фаъолияти самараноки корхонаи парандапарварии “Саҷҷод” изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият тавсия дод, ки барои ҳифзи сатҳи истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии ноҳия ба шумор меравад.
Аъзам Ализода изҳор дошт, ки мақомоти иҷроия омодаанд барои рушди минбаъдаи истеҳсолот ва татбиқи лоиҳаҳои нав, аз ҷумла бунёди бинои иловагӣ ва густариши гармхона, дастгирии ҳамаҷониба расонанд.
Корхонаи парандапарварии "Саҷҷод" на танҳо дар таъмини амнияти озуқавории минтақа саҳми назаррас дорад, балки бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия низ мусоидат мекунад.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter