МАСТЧОҲ: Дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд

09.01.2025 11:05

 
Дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон идома меёбад, имрӯз 8 январ дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими экологӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода шахсан иштирок намуда, барои самаранок гузаштани тадбир роҳбарӣ кард.
Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки сарҳади ноҳияро убур мекунад, беш аз 2500 ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд. Ин ниҳолҳо аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дастрас гардида, барои зебогии муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ нигаронида шудаанд.
Маърака бо иштироки фаъолонаи даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. Ҳамкории онҳо ва рӯҳияи баланди корӣ имкон дод, ки корҳои ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд ташкил ва иҷро шаванд. Бахусус, таъкид гардид, ки ҳар як шахс масъулияти нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашударо ба уҳда гирад, то ки онҳо дар оянда самарабахш бошанд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ зикр кард, ки ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад. "Мо бояд барои наслҳои оянда муҳити тоза ва ободро таъмин кунем," — таъкид намуд ӯ.
Иштирокчиёни маърака дар охир изҳори умедворӣ карданд, ки чунин иқдомҳо идома ёфта, барои ободонии бештари минтақа ва беҳтар кардани сифати ҳаво замина мегузоранд. Тибқи нақша, дар давоми соли равон дар ноҳия беш аз 24 ҳазор дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter