Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ шуд
Имрӯз, 9 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маросими муаррифии муовини якуми раиси ноҳия баргузор гардид. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа Шермуҳаммад Нодирӣ таъйин шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода иштирок карданд.
Мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода аз эътимоди Пешвои миллат ба Шермуҳаммад Нодирӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки интихоб ва таъйиноти ӯ бо дарназардошти таҷриба ва салоҳияти баланди корӣ сурат гирифтааст. Вай афзуд, ки муовини якуми раиси ноҳия дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ нақши муҳимро мебозад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар суханронии худ аз фаъолияти қаблии Шермуҳаммад Нодирӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин таъйинот иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ барои рушди устувори ноҳия мебошад. Ӯ кадри навтаъйинро бо маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои зарурӣ ҳидоят намуда, ба ӯ барору комёбӣ таманно кард.
Шермуҳаммад Нодирӣ дар навбати худ аз Пешвои миллат барои эътимоди бузург изҳори сипос намуда, изҳор кард, ки тамоми донишу малакаи худро барои ҳалли вазифаҳои дарпешистода, хусусан таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона хоҳад кард.
Тағйироти мазкур аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии кишвар ба рушди кадрҳо ва такмили идоракунии самаранок дар тамоми сатҳҳо шаҳодат медиҳад. Мардуми ноҳияи Мастчоҳ низ бо умеди нек аз ин таъйинот истиқбол намуда, рушди бештари ноҳияро интизор доранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ