ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАНД

10.01.2025 15:59

 
Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, ки дар доираи тадбирҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудаанд, бомаром идома доранд. Иншооте, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва дигар минтақаҳои он сохта мешаванд, аҳамияти бузург дар беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтор доранд.
Яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ бинои нави беморхонаи марказии ноҳия мебошад. Сохтмони ин муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва меъёрҳои баландсифати сохтмонӣ амалӣ шуда истодааст. Беморхонаи нав бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳад шуд ва пас аз ба истифода додан, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад. Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.
Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст.
Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он ҶДММ “Сохтмон - З” мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда наздик ба 30 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳраки Бӯстон ҳамзамон сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 низ бо маром идома дорад. Ин мактаб бо синфхонаҳои равшан, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва инфрасохтори муосир барои таъмини шароити беҳтарини таълим ба хонандагон пешбинӣ шудааст. Мактаб метавонад шумораи зиёди хонандагонро қабул кунад ва барои рушди соҳаи маориф дар ноҳия заминаи мустаҳкам фароҳам орад.
Дар маркази шаҳраки Бӯстон сохтмони хонаи истиқоматии бисёрқабата ҷараён дорад. Ин бинои зебо ва муосир барои сокинони маҳаллӣ ҷойи зисти бароҳат ва бо тамоми шароитҳои заруриро пешниҳод хоҳад кард. Лоиҳа бо дарназардошти талаботи замонавии сохтмонӣ ва экологӣ таҳия шудааст.
Татбиқи ин лоиҳаҳои сохтмонӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, балки барои мусоидат ба рушди устувори ноҳия равона шудааст. Мақомоти маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ҳамаи иншоотҳо дар муҳлати муайян ба истифода дода хоҳанд шуд ва ҷашнҳои миллӣ бо рӯҳияи баланд таҷлил мегарданд.
Бо бунёди иншооти ҷашнӣ ноҳияи Мастчоҳ на танҳо ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад, балки барои сокинони худ шароити беҳтари зиндагӣ ва имкониятҳои нав фароҳам меорад. Мардуми ноҳия ин ташаббусҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуда, умед доранд, ки ҳамаи корҳои ба нақша гирифташуда саривақт анҷом меёбанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter